ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАЪЛУМОТНОМА

Дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии хавфнок, воридоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ, муҳлати истифодааш гузашта, маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ ва молҳои бесифати ниёзи мардум, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, №1555 ва №1561 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Мутобиқи тағйиру иловаҳои воридшуда ба моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

1) барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид намудани доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ, истеҳсол кардан, ба муомилот баровардани онҳо, истифода бурдани доруворӣ ва иловаҳои хӯроквории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ё ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ, инчунин муҳлати истифодаашон гузашта ҳангоми набудани аломати ҷиноят,

- ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад (аз 2 750 то 5 500 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то дусад (аз 8 250 то 11 000 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳафтсад (аз 27 500 то 38 500 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйн карда мешавад;

2) барои дар давоми як соли баъди таъйни ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани чунин кирдор, 

- ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то дусад (аз 5 500 то 11 000 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз сесад то панҷсад (аз 16 500 то 27 500 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтсад то ҳазор (аз 38 500 то 55 000 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйн карда мешавад.

Мутобиқи тағйиру иловаҳои воридшуда ба моддаи 2101 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

1) барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон,

- бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 55 000 то 110 000 сомонӣ ) ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он, ҷазо дода мешавад;

2) барои такроран содир намудани чунин кирдор,

- бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то чор ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 110 000 то 220 000 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад;

3) агар ҳамин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: