ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Роҳбари давлат барои кормандони Хадамоти гумрук ҳамчун дастури рӯимизӣ аст

Имрӯз, кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисии Дастгоҳи мазкур ҷамъ омада, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона тамошо намуданд.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд ва вазифаҳое, ки имрӯз барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ вогузор карда шудаанд, сарбаландона иҷро намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саноаткунонии мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.

Пешвои миллат дар паёми хеш, пешниҳод оиди- «Ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад ва сохторҳои марбута дар давоми як моҳ тартиби татбиқи имтиёзи мазкурро муайян намоянд», ки ин аз мавҷуд набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб мебошад.

Аз сабаби ба рақобат тобовар набудан ва баланд будани арзиши аслии маҳсулоти баъзе корхонаҳо, номукаммал будани роҳҳои ҳифзи манфиатҳои содироткунандагон дар хориҷи кишвар то ҳол ба таъмин намудани гуногунсамтии истеҳсолот ва содирот мусоидат накарда истодааст.

Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамкории судмандро ҷиҳати васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ ва транзитии мамлакат дар самти интиқоли транзитии молу маҳсулот ва ташкили «долонҳои сабз» бо кишварҳои ҳамсарҳад ба роҳ монад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар соли 2019 сесад рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад.

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро ҷиҳати муаррифӣ кардани маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, дарёфти бозорҳои содирот, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар хориҷи кишвар тақвият бахшанд.

Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд

. Ҳамчунин, бо мақсади таъмин намудани риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешад.

«Дар ду се соли оянда бояд ягон кило нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз кишвар берун набарояд» таъкиди Пешвои миллат дар паёми имсола.

Паёми роҳбари давлат чун дастури рӯимизӣ барои кормандони хадамоти гумрук хизмат намуда, дар пешбурди фаъолияти корӣ, аз он ҳамчун роҳнамо истифода мебаранд ва бо дарки масъулияти тамом ва интизоми баланд аз ҷониби ҳайати шахсӣ ин дастуру супоришҳо иҷро хоҳанд гашт.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: