ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар кори он Роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва дастгирии соҳибкорӣ равона карда шудааст ва ҳамкории Ассотсиатсияи брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.

Сардори Хадамати гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук бо мақсади татбиқи банди 14 моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Хадафи таъсиси Шуро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, пеш аз ҳама дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук мусоидат бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкили шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

Ба ҳайати Шӯро намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар мақомотҳои ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат дохил карда шудаанд.

Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамоти гумрук, Низомнома ва регламенти кории Шӯро ба роҳ мемонад.

Тибқи банди 35-и Низомнома дар бораи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ ҷаласаҳои Шӯро мунтазам гузаронида мешаванд.

Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои марбут ба соҳаи иқтисодӣ мавриди таҳлил, баррасӣ ва хулосабарорӣ зарурӣ қарор дода шуданд. Таъкид карда шуд, ки вобаста ба таклифу пешниҳодҳои дар ҷаласаи қаблии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар самти СИАЯ-номбаршуда, роҳбарияти Хадамоти гумрук кушиш ба харҷ дода истодааст. Барои дар мақомоти гумрук ҷиҳати ҷорӣ намудани системаи “АСИКУДА” бо мутахассисони системаи мазкур вохӯриҳо гузаронида шуда, омӯзиши ин система идома дорад.

Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон хозиринро мухтасаран бо натиҷаҳои назаррасе, ки Хадамоти гумрук дар рафти фаъолияти пурсамари худ дар давоми соли 2018 ба даст овардааст, шинос намуд.

Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳо бо ҳамаи мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон, алалхусус бо кишвари дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон, ривоҷу равнақ ёфта, баъди ба фаъолият шурӯъ намудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо ин кишвар, раванди гардиши молу маҳсулот миёни давлатҳои мо дар соли 2018 якчанд маротиба афзоиш ёфта, ин раванд дар ҳоли рушд қарор дорад. Таҳлили маълумотҳои омори гумрукӣ собит месозад, ки дар савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон содирот аз кишвари мо нисбат ба воридот зиёдтар гардидааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки санаи 9 марти соли 2018 байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома оид ба ташкили тартиби соддагардонидашудаи расмиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт (Долони соддагардонидашудаи гумрукӣ) ба имзо расонида шуд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «долони сабз» дар воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук овезаҳои иттилоотӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ дар ҷои мувофиқ ва намоён ба интиқолдиҳандагони молу воситаҳои нақлиёт, гузошта шудааст.

Ғайр аз ин, набояд фармӯш кард, ки давоми соли 2017 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои ситонидан, ташаккул ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ” аз 30 июни соли 2007, №352 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Тибқи тағйиру иловаҳои мазкур ҳангоми барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти кишоварзӣ берун аз маҳалҳои барои ин мақсад муайяншуда ва берун аз вақти кории мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, хироҷи гумрукии яккарата ситонида мешавад.

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки рӯзҳои 3 - 4 октябри соли 2018 ҷаласаи навбатии 68-уми Шӯрои роҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар рафти баргузории чорабинии мазкур, байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумрукии Федератсияи Россия ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкории гумрукӣ тавассути мубодилаи электронии маълумот ва баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ нисбати молу воситаҳои нақлиёти байни ду кишвар интиқолёбанда, ду санади соҳавӣ ба имзо расонида шуд.

Аз ҷумла, Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумрукии Федератсияи Россия доир ба ташкили мубодилаи маълумоти пешакӣ оид ба молҳо ва воситаҳои нақлиёти байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия интиқолёбанда ба имзо расонида шуд, ки заминаи мусоидро ҷиҳати ба имзо расонидани Созишномаи дуҷониба дар самти долони соддагардонидашуда, фароҳам меорад.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади соддагардонии барасмиятдарории гумрукӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои субъектони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ҷиҳати интиқоли молу маҳсулот бо сарфаи ками вақт тариқи сарҳадҳои гумрукии кишварҳо, айни замон лоиҳаи Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумрукии Федератсияи Россия доир ба ифтитоҳи «Долони сабз» таҳия гардида, дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Инчунин, Хадамоти гумрук дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати соддагардонии барасмиятдарории гумрукӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, датгирии субъектони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Вобаста ба масъалаи дуюм сардори шуъбаи Раёсати таъмини ҳуқуқии Хадамоти гумрук Раҳимов Зуҳал дар мавзӯи «Тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва дастгирии соҳибкорӣ равона карда шудаанд» баромад намуд.

Сипас, аз ҷониби намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадориҳои дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба зиммагирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар пешниҳод гардид.

Тағйиру иловаҳое, ки давоми солҳои 2017-2018 ба қонунгузории андозу гумрук оиди ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ, пурра ва ё қисман озод намудани молу воситаҳои нақлиёт ворид карда шудаанд, барои рушди соҳибкорӣ ва истеҳсоли дохилӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, илова намуд Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Х.А..

Вобаста ба масъалаи сеюм роҳбари Ассотсиатсияи брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудова Фирӯза дар мавзӯи «Ҳамкории Ассотсиатсияи брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти гумрук» баромад намуд. Доир ба мавзӯи мазкур баъзе аз иштирокчиёни ҷаласа, аз ҷумла намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати нақлиёт ва Ассотсиатсияи “АВВАТ” фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар рафти ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод карда шуд, ки ба баррасии Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо масъалаи андозбандии молҳои содироти ва бемонеа дастрас намудани ҳуҷҷатҳои назоратӣ, ки пеш аз барасмиятдарории гумрукӣ талаб карда мешаванд, пешниҳод карда шавад.

Намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо қайд кард, ки санаи 29 октябри соли 2018 ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо дар назар аст ва иштирокчиёни ҷаласаи Шурои имрӯза метавонанд дар ҷаласаи зикршуда, иштирок намуда, масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ пешниҳод намоянд.

Ҷаласа бо назардошти фикру мулоҳизаҳои баёншуда, як қатор қарорҳо қабул намуд. Аз ҷумла:

- таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён ба инобат гирифта шуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бамиёномада, чораҳои дахлдор андешида шавад;

- дар ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ бо назардошти таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён масъалаҳои рӯзмарра мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа, Раиси Шӯро Каримзода Хуршед аз ҳамкории мутақобила бо иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳо дар оянда низ бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда мешавад. Дар ҳақиқат мушкилиҳо вобаста ба фаъолияти корӣ ҷой доранд ва роҳбарияти Хадамоти гумрук барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта, аз тамоми имкониятхои мавҷуда истифода хоҳад кард.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: