ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муарифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба зерсохторҳои сайёҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 соли 2018-ро дар кишвар ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд бо мақсади тараққӣ додани рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки ходими илмии Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии “Истиқлол” Фарзона Рустамова ва ҳайати шахсӣ ҷаласа баргузор гардид. Ҷаласаро муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, полковники хадамоти гумрук Султон Эрбоев оғоз намуда, иброз дошт, ки воқеан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” беасос нест, зеро Ватани маҳбубу азизамон барои рушди сайёҳӣ дорои имкониятҳои бузург буда, бо табиати нотакрор ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ дар ақсои олам назир надорад.

Дар навбати худ Фарзона Рустамова иброз дошт, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои дилфиреб, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобаҳш, кулҳову чашмаҳои мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва барои сайру сайёҳат муфид мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беҳтарин ва бештарин имкониятҳоро доро буда, мувофиқи хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, соли 2016 кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ва шоҳроҳи Помири Тоҷикистон дар байни даҳ роҳи зеботарини дунё, соли 2015 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз руӣ таъмини амнияти шабона ва соли 2016 аз рӯи тиҳлилҳои Созмони Миллали Муттаҳид дуюмин кишваре, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад, ворид гардидлааст. Ҳамзамон, аз лиҳози рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодии соли 2017 дар рӯйхати ҷаҳонӣ шомил карда шуд.

Қобили қайд аст, ки иштирокдорони ҷаласа дар қисмати саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: