ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мизи мудаввар дар мавзӯи “Тартиби ҳамкории якҷояи Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои марбута, ҷиҳати соддагардонии технологияи барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт дар сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

11 октябри соли 2018 дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти гумрук ва сохторҳои дахлдори кишвар дар мавзӯи “Тартиби ҳамкории якҷояи Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои марбута, ҷиҳати соддагардонии технологияи барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт дар сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Дар ибтидо сардори Донишкадаи такмили ихтисос, полковники хадамоти гумрук Сабзаалӣ Шарифзода ташрифи меҳмононро ба Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки “Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, ҷоннок намудани ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолият менамоянд, иборат мебошад. 

Сипас, сардори шуъбаи ташкилию бозрасии Раёсати ташкилию бозрасӣ подполковники хадамоти гумрук Холов Ҷамшед зикр намуд, ки “Густариши равобити иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои дуру наздик, раванди ҷаҳонишавӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии мутақобилан судмандро бо ҳамаи кишварҳои дунё тақозо менамояд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Умумиҷаҳонии Гумрукӣ ва иштирокчии зиёда аз 100 конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, инчунин, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо талаботҳои Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (Конвенсияи КИОТО) мутобиқ карда шудааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки мутобиқи банди 1 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, таҳти № 155 «Дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назоратӣ дар гузаргоҳҳои автомобилӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипи «Истгоҳи ягона», Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, байторӣ, фитосанитарӣ ва назорати санитарию карантинии марбут ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Чи тавре, ки ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байналмилалии иқтисодӣ ва афзоиши нақши тиҷорати хориҷӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, такмили минбаъдаи расмиёти тиҷорати хориҷӣ ва пурра ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он, зарурати аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ ва такмили минбаъдаи воситаҳои танзими тиҷорати хориҷиро тақозо менамояд.

Бинобар ин, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар мавзӯи «Тартиби ҳамкории якҷояи Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои марбута, ҷиҳати соддагардонии технологияи барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт дар сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва Донишгоҳу Донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ, мизи мудаввар баргузор намояд.

Маврид ба зикр аст, ки бо зиёд гардидани ҳаҷми савдои хориҷӣ, барои шахсон ва воситаҳои нақлиёти сарҳадро убуркунанда, зарурати аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ ва такмили минбаъдаи воситаҳои танзими тиҷорати хориҷӣ ба миён омадааст.

Мутобиқ ба Қонуни танзимкунандаи фаъолияти гумрукӣ барасмиятдарорӣ танҳо баъди анҷом додани назорати давлатии санитарию карантинӣ, карантинию фитосанитарӣ, байторӣ ва намудҳои дигари назорати давлатии воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти онҳо аз ин ҳудуд сурат мегирад. Қобили қайд аст, ки фаъолияти самараноки сохторҳое, ки мову Шумо дар он хизмат менамоем, барои рушду равнақ бахшидани соҳаи соҳибкорӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ мегардад, мусоидат менамояд.

Бинобар ин, баҳри содда гардонидани расмиёти содиротию воридотӣ ва дар ин замина таъмини шаффофияти амалиёти барасмиятдарории гумрукӣ, инчунин, андешидани чораҳои зарурӣ дар масъалаи барасмиятдарории саривақтии гумрукӣ ва аз байн бурдани монеаҳое, ки ҳангоми интиқоли молҳо ба мушоҳида мерасанд, ҳамаи моро зарур аст, ки софдилона фаъолият намоем”.

Дар идомаи чорабинӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва назарияи иқтисоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдуллоев Мирзо дар мавзӯи “Саҳми мақомотҳои назоратӣ дар ташаккули соддагардонӣ ва назорати молу воситаҳои нақлиёт дар сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Шуъбаи назоратӣ ва иҷозатномадиҳии робитаҳои байналмилалии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Нуралиев Маъруф дар мавриди “Масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок бо Хадамоти гумрук”, муаллими калони кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дотсент Алиев Маҳмадҷон дар робита ба “Раванди тарҳсозии хизмарасонӣ дар терминалҳои гумрукии Логистикӣ”, корманди Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Розиев Саидҷаъфар дар мавзӯи “Барасмиятдарории гумрукии молҳо ва пешниҳоди имтиёзҳои тарифӣ”, мутахассиси Шуъбаи назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва растании Кумитаи бехатарии озуқавориии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Сорбон дар мавриди “Назорат ва барасмиятдарорӣ ҳангоми интиқоли молҳо аз сарҳади гумрукӣ”, сардори Шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Нидоев Парвиз оид ба “Роҳҳои муосири танзими фаъолияти иқтисоди хориҷӣ дар татбиқи истифодаи воситаҳои техникии назорати гумрукӣ”, муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳалимхонов Зафар оид ба “Роҳҳои соддагардонии барасмиятдарории гумрукӣ”, нозири Шуъбаи ташкили назорати арзӣ, арзиши гумрукӣ ва имтиёзҳои тарифии Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Зафари Саидқул оид ба “Мушкилиҳо ва роҳҳои такмили барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ дар фаъолияти гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ” ва муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Давлатов Фарҳод оид ба “Омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ” баромад намуданд.

Баъди баромади мутахассисон қисмати муҳокимаронӣ шурӯъ шуда, ҳозирин дар баробари шарҳи мавзӯъ ба суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Сардори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифзода дар ҷамъбасти нишаст ба ҳозирин барои иштирок дар чорабинӣ миннатдории худро баён намуда, аз масъулини соҳаҳои мухталиф даъват ба амал овард, ки ҳамкории мутақобилан судмандро бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми босазои худро гузоранд.

Дар навбати худ иштирокдорони мизи мудаввар ба масъулини Хадамоти гумрук барои ташкили мизи мудаввари мазкур арзи сипос намуда, омодагии худро баҳри ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд. 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: