ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД НАҚШАИ ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКИРО ДАР ҲАШТ МОҲИ СОЛИ 2018 БА АНДОЗАИ 100, 32 % ТАЪМИН НАМУД

Қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қаламрави ягонаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. 

Моддаи 2-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРДОРИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД,
ПОЛКОВНИКИ ХАДАМОТИ ГУМРУК
ИСМАТУЛЛОЗОДА БАҲРОМ

Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани шаклҳои назорати гумрукӣ ва то ҳадди имкон ба пуррагӣ ба расмияти гумрукӣ даровардани молу воситаҳои нақлиёт ва мутобиқи талаботи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ мондани муайянкунии арзиши пулии молҳои воридотию содиротӣ ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд муяссар гардид, ки аз уҳдаи иҷроиши нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар давоми ҳашт моҳи соли 2018 барояд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Раёсат, ин ҷамъоварии босифати пардохтҳои гумрукӣ буда, дар натиҷаи дуруст ва самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти гумрукӣ, Раёсат тавонист, дар зарфи 8 моҳи соли 2018 ба буҷаи мамлакат ба маблағи 1 710 313 023 сомонӣ ирсол намояд, ки ин иҷроиши нақшаи пардохтҳои гумрукиро ба андозаи 100,32 фоиз таъмин менамояд.

Натиҷаи сайъу талош ва ба роҳ мондани фаъолияти корӣ мутобиқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишу нишондодҳои Роҳбарияти Хадамоти гумрук, ба кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии бевоситаи сардори Раёсат, полковники хадамоти гумрук Исматуллозода Баҳром, муяссар гардид, ки дар шумори дигар ҷузъу томҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ дар ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат, рушди тиҷорати хориҷӣ, ташкили назорати гумрукӣ, мубориза алайҳи ҳуқувайронкуниҳои маъмурӣ ва қочоқ дар соҳаи гумрук, таъмини бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати қатъӣ аз болои содироту воридот, ситонидани боҷу хироҷи гумрукӣ ва транзити мол, инчунин, воситаҳои нақлиёти интиқолёбанда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд.

Агар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамин давраи соли 2017 ба Буҷаи давлат ба маблағи 1 710 313 023 сомонӣ (97,63 фоизи нақша) маблағ ворид карда бошад, туфайли саъю кӯшиш ва андешидани тадбирҳои судманд ба ҳайати шахсии Раёсат муяссар гардид, ки дар давраи ҳашт моҳи соли 2018 ба буҷаи ҷумҳурӣ маблағи 1 691 416 613 сомонӣ ворид намоянд, ки мутаносибан ба 100,32 фоиз баробар буда, ки нисбат ба нақша 5,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 

МАҶЛИСИ НАЗДИ САРДОРИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ВОРИДОТИ ПАРДОХТҲО ВА ОМИЛҲО

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд баҳри таъмини қисми даромади Буҷети давлатӣ дар давраи ҳашт моҳи соли 2018 як қатор чораҳои маъмуригардонии заруриро ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” роҳандозӣ намуда, иҷрои нақшаи пешбинишударо дар ҳаҷми 100,32 фоиз таъмин кардааст.

Гарчанде, ки воридоти мол дар ҳашт моҳи соли 2018 нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27,9 миллион доллари ИМА кам гашта бошад ҳам, аз тарафи гумруку дидбонгоҳҳои тобеи раёсат новобаста аз коҳиш ёфтани моли андозбандшаванда молҳои воридотиро саривақт таҳти назорати гумрукӣ қарор дода, пардохтҳои гумрукӣ ситонида ва ба буҷет равона карда шуд.

Дар ҳашт моҳи соли 2018 воридоти молҳои тариқи имтиёзнок бо истифода аз талаботи моддаи 345-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 169-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмияти гумрукӣ даровардашуда – 35,4 млн.доллари амрикоиро ташкил дод, ки маблағи умумии пардохтҳои гумрукии озодкардашуда 74,4 млн. сомонӣ ё 5,83 фоизи нақшаи воридшавии пардохтҳои гумрукиро ташкил менамояд.

Имтиёзҳои гумрукии дар ҳашт моҳи соли 2018 нисбати воридоти молҳо пешниҳодшуда:

- воридоти молҳо аз ҳисоби гранту кредитҳо – ба маблағи 13,7 млн.доллари амрикоӣ, пардохтхои гумрукии озодшуда 29,9 млн. сомонӣ;

- воридоти кӯмаки башардӯстона – ба маблағи 1,9 млн.доллари амрико ӣ, пардохтҳои гумрукии озодшуда 4,2 млн. сомонӣ;

- воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ба маблағи 6,5 млн. доллари амрикоӣ, пардохтҳои гумрукии озодшуда – 13,8 млн. сомонӣ;

- воридоти мол барои объектҳои махсусан муҳим - ба маблағи 810 ҳазор доллари амрикоӣ, пардохтҳои гумрукии озодшуда 1,7 млн. сомонӣ

- воридоти техникаи кишоварзӣ – ба маблағи 531 ҳазор доллари амрикоӣ, пардохтҳои гумрукии озодшуда 1,1 млн. сомонӣ;

- воридоти доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ – ба маблағи372 ҳазор доллари амрикоӣ, пардохтҳои гумрукии озодшуда – 789 ҳазор сомонӣ;

- воридоти молҳо барои соҳаи паррандапарварӣ – ба маблағи5,6 млн. доллари амрикоӣ, пардохтҳои гумрукии озодшуда – 11,3 млн. сомонӣ;

- дигар имтиёзҳо – ба маблағи 6 млн.доллари амрикоӣ,

пардохтҳои гумрукии озодшуда – 11,56 млн.сомонӣ;

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳашт моҳи соли 2018 назар ба ҳамин давраи соли 2017 воридоти молҳое, ки нисбаташон имтиёзҳои тарифӣ пешбинӣ гардидаанд, ба маблағи 8,9 млн.доллари амрикоӣ ва пардохтҳои гумрукии озодкардашуда ба маблағи 19,3 млн.сомонӣ зиёд шудааст.

Дар ҳашт моҳи соли 2018 доир ба иҷроиши вазифаҳои назоратӣ дар самти дуруст муайян намудани арзиши гумрукӣ, таъмини саривақт ворид гардидани пардохтҳои гумрукӣ ба суратҳисоби хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили риояи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дуруст татбиқ намудани меъёрҳои андозҳо ва пешниҳоди имтиёзҳои тарифӣ иловатан ба маблағи 2 491 146,38 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуд.

Дар ҳамин давраи соли гузашта аз тарафи шуъба ба маблағи 2 477 037,93 сомонӣ барқарор гардид, ки нисбати соли гузашта фарқияти маблағи иловатан ситонидашуда 14 108,45сомонӣ зиёд мебошад.

ГАРДИШ

Гардиши тиҷорати хориҷӣ дар Раёсати минтақвии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳашт моҳи соли 2018 ба 1 343, 2 млн. доллари амрикоӣ баробар гардида, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 24,67 млн. доллар (1,9 фоиз) афзоиш ёфтааст. Аз ин маблағ 978,36 млн. доллари ИМА ба воридот (дар ҳамин давраи соли 2017 ин нишондиҳанда 1006,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод) ва 364,8 млн. доллари ИМА ба содирот рост меояд (дар ҳамин давраи соли 2017 ин нишондиҳанда 312,24 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод) .

Гардиши тиҷорати хориҷӣ, дар ин давра, асосан, бо кишварҳои Қазоқистон, Россия, Ӯзбекистон ва Чин сурат гирифтааст. Ёдрас мешавем, ки дар содирот мавқеи асосиро маъдан ва консентратҳо, семент ва либосворӣ ишғол кардаанд. Аммо дар воридот мавқеи муайянро маҳсулоти нафтӣ, ғалла, гази моеъ ва масолеҳи сохтмонӣ гирифтаанд.

МУНОСИБАТУ МУОМИЛОТ

Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ бо кишварҳои дурру наздик, бахусус бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рушди ҳамкориҳои иқтисодии ин кишварҳо саҳифаи наверо оғоз намуд.

Боиси хурсандист, ки баъди ифтитоҳи сарҳади давлатӣ ва беҳтар шудани муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардиши тиҷорати хориҷии байни вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон хело боло рафт. Хусусан, ҳаминро бояд таъкид намоем, ки ҳаҷми содиротии вилоят дар ҳашт моҳи соли 2018 ба 61 894 379 доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки дар ҳамин давраи соли 2017 ин нишондиҳанда ба 33 980 642 доллари ИМА-ро баробар буд.

Дар ин давра тавассути Дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадии Қуштегирмон, Фотеҳобод, Равот, Патар, Навбунёд, Ҳаштяк, Зафаробод, Ҳавотоғ, Уротеппа ва Саразм 1,2 миллион нафар рафту омади шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ҳашт моҳи соли 2018 даромади шаҳрвандон ба ҷумҳурӣ 661 265 нафар ва баромади шаҳрвандон аз ҷумҳурӣ бошад, ба теъдоди 538 735 нафар ба қайд гирифта шудааст.

ДИДБОНГОҲИ ГУМРУКӢ "ҚУШТЕГИРМОН" - И ГУМРУКИ СПИТАМЕН

ДИДБОНГОҲИ ГУМРУКИИ "ҲАШТЯК" – И ГУМРУКИ СПИТАМЕН

ДИДБОНГОҲИ ГУМРУКИИ "ФОТЕҲОБОД" – И ГУМРУКИ КОНИБОДОМ

Воридоти асъор дар дар ҳашт моҳи соли 2018 ба маблағи умумии 742 404 доллари ИМА баробар буда, содироти асъор бошад, дар ҳамин давра 13 миллиону 11 ҳазору 318 доллари ИМА ба қайд гирифта шудааст.

НАЗОРАТИ ГУМРУКӢ

Дар ҳашт моҳи соли 2018 аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд 22803 адад декларатсияи бори гумрукӣ ба расмияти гумрукӣ дароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2237 адад зиёд мебошад. Дар ин давра 2168 ҳолати вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ ошкор гардидааст. Аз рӯи 2138 ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 1784 шахси воқеӣ ва 37 шахси ҳуқуқӣ ва 8 нафар шахси мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Маблағи ҷаримаҳои умумӣ 2 миллону 913 ҳазор 912 сомонӣ пурра ситонидаю вориди буҷет гардидааст.

Дар ҳашт моҳи соли 2018 аз рӯйи парвандаҳои ҳуқуқвайрнкуниҳои гумрукӣ ба маблағи умумии 1 миллону 217 ҳазору 84 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шудааст. Дар ҳамин давра ба маблағи умумӣ 2 миллону 282 ҳазор 319 сомонӣ мол ба мусодира карда шудааст.

Инчунин, 10600 адад молу воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз гумрукҳои наздисарҳадӣ ба ҷойи таъиноташон расонида шуда, аз онҳо ба маблағи умумии 1042750 сомонӣ хироҷи гумрукӣ ситонида шудааст.

ДЕКЛАРАТСИЯҲО

Декларатсияҳои бори гумрукӣ мувофиқӣ низомҳои гумрукӣ: содирот (ЭК-10) – 2741 адад ББГ ба маблағи 360 071 476 доллари ИМА ва ба миқдори 606 760 тонна, реэкспорт (ЭК-31) 377 адад, ДБГ ба маблағи 3 700 579 доллари ИМА ва ба миқдори 718,5 тонна, воридот барои муомилоти озод (ИМ-40) 17 526 адад ДБГ ба маблағи 962 945 508 доллари ИМА ва ба миқдори 2 137 379 тонна, воридоти муваққатӣ (ИМ-58) 484 адад ДБГ ба маблағи 4 227 712 доллари ИМА ва ба миқдори 720,3 тонна, минтақаи озоди гумрукӣ (ИМ-78) 214 адад ДБГ ба маблағи 10 060 668 доллари ИМА ва ба миқдори 6 582 тонна, транзити байналмилалӣ (ЭК-80) 1217 адад ДБГ ба маблағи 48 974 502 доллари ИМА ва ба миқдори 37 906 тонна, интиқоли захираҳо (ЭК-95) 171 адад ДБГ ба маблағи 16 298 336 доллари ИМА ва ба миқдори 10 613 тонна ба расмияти гумрукӣ дароварда шудаасат.

Бояд зикр кард, ки дар низоми гумрукии “Содирот”, асосан, молу маҳсулоти маъдан ва консентратҳо, ба қайд гирифта шудаанд, ки 72,2 фоизи содиротро ташкил медиҳад.

Дар низоми гумрукии “Реэкспорт” дар ҳашт моҳи соли 2018-ум, асосан, воситаҳои нақлиёти сабукрав ба қайд гирифта шудаанд, ки қаблан дар дидбонгоҳ дар низоми гумрукии “Воридоти муваққатӣ” ба расмият дароварда шуда буданд.

ВОРИДОТ

Воридоти молҳои аввалиндараҷа ин орд, гандум, шакар, равғани растанӣ, ки 16% фоизи арзиши гардиши умумии воридотро дарбар мегиранд, дар ҳашт моҳи соли 2018 маблағи 155 344 835 доллари ИМА ва миқдори 758 тоннаро ташкил додаанд.

Таркиби молҳои воридотӣ дар ин давра, асосан, аз маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, воситаҳои нақлиёт, ғалла, равғани растанӣ ва чӯбу тахта иборатанд.

Дар ин давра, тавре аз маълумоти расида бармеояд, нисбат ба соли гузашта аз молҳои тибқи номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ТНВЭД) ЕврАзЭС ба Дидбонгоҳҳои гумрукӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд воридшаванда, воридоти якчанд намуди молҳои андозбандишаванда бо ифодаи арзиши гумрукӣ ё вазн кам гаштаанд.

Масалан, маҳсулоти нафти 10 415 688 доллари ИМА ё 58,2 тонна, гази моеъ 8 329 817 доллари ИМА ё 25,8 тонна, шакар 22 711 482 доллари ИМА ё 37,3 тонна, равғани растанӣ 20 226 597 доллари ИМА ё 25,7 тонна, нуриҳои минералӣ 10 309 156 доллари ИМА ё 53,4 тонна кам гаштааст.

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар натиҷаи андешидани як қатор чораҳо дар ҳашт моҳи соли 2018 – 2168 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 40 ҳолат зиёд мебошад. Аз ин 30 ҳолатро (соли 2017 -27 ҳолат) ҷиноят ташкил медиҳад.

ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ

Тибқи муқарророти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27 январи соли 2018, №41 “Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2005 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2005 (мавқеи молии -8702, 8703, 8704 ва 8705 тибқи номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 15 феврали соли 2018 манъ карда шудааст.

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, пас аз мавриди амал қарор додани талаботи қарори мазкур ба миқъёси вилоят 1318 адад воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2005 воридгашта таҳти назорат қарор дода шуда буд.

Анбори нигаҳдории муваққатии «ҶДММ «ММК - Чкалов» (28 апрели соли 2018)

Анбори нигаҳдории муваққатии «ҶДММ «ММК - Чкалов» (20 сентябри соли 2018)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати соҳибкорони ватанӣ ва озод намудани анбори нигаҳдории муваққатӣ, воситаҳои нақлиёт пас аз ворид гаштан ба ҳудуди ҷумҳурӣ таҳти расмиёти «нигаҳдории муваққатӣ» дар анбори нигаҳдории муваққатии «ҶДММ «ММК - Чкалов», воқеъ дар шаҳри Бӯстон, ҷойгир карда шуда буданд.

Дар асоси дастури гирифташуда 1 204 адад воситаҳои нақлиёти гуногунтамға барасмияти гумрукӣ дароварда шуд ва дар натиҷа 11 850 175 сомонӣ маблағи пардохтҳои гумрукӣ ба қисми даромади буҷа саривақт интиқол дода шуд. Боқимонда 92 адад воситаҳои нақлиётӣ дар боло қайдшуда дар анбори нигоҳдории муваққатӣ таҳти назорат нигоҳ дошта шуда истодааст ва ҳамаи онҳо қаблан таҳти расмиёти транзити дохилаи гумрукӣ ҷойгир карда шудааст.

НАТИҶАҲО

Дар ҳашт моҳи соли 2018 - 22 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 - 23 адад, қочоқи молу воситаҳои нақлиёт дар ҳашт моҳи соли 2018 - 14 адад, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 - 17 адад, дигар ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар ҳашт моҳи соли 2018 - 8 адад, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 6 адад ва ҷинояти бе оғози парвандаи ҷиноятӣ ба қайд гирифташуда 7 – адад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 4 ададро ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шудааст.

Дар 8 моҳи соли 2018 10 ҷиноят нисбати воридоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ба миқдори 66 409 дона, 1 ҷиноят нисбати воридоти ғайриқонунии чойи сиёҳӣ хушк ба миқдори 18 700 кг, 1 ҷиноят нисбати воридоти ғайриқонунии 1 адад воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи «Ауди А8L», 1 ҷиноят нисбативоридоти ғайриқонунии масолеҳи сохтмонии тахта ба миқдори 76, м3, 5 ҷиноят нисбативоридоти ғайриқонунии 7 адад сиккаҳои (тангаи) қадима, 1 ҷиноят нисбати воридоти ғайқонунии сӯзишвории дизелӣ ба миқдори 41100 литр, 1 ҷиноят нисбати воридоти ғайриқонунии меваи хушк ба миқдори 31 300 кг, 1 ҷиноят нисбати воридоти ғайриқонунии дари яктабақаи байниҳуҷрагӣ ба миқдори 298 дона, 1 ҷиноят нисбати воридоти ғайриқонунии маҳсулоти хӯрокаи намуди хурмо истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эрон ба миқдори 20450,40 кг, 1 ҷиноят нисбати воридоти ғайриқонунии маҳсулоти хӯрокаи намуди пастаи шоколади навъи «Ramax» ба миқдори 31728 адад, 5 ҷиноят нисбати воридоти ғайриқонунии моли пастсифат ва 1 ҷиноят нисбати интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷӣ ба маблағи 3000000 ( се миллион) рубли бонки Федератсияи Россия ошкор ва пешгирӣ карда шудааст.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 2913912 сомонӣ ҷарима баста ва ба буҷаи ҷумҳурӣ ситонида шудааст. (с.2017 – 2747116).

Инчунин, мол аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмияти гумрукӣ дароварда шуда, ба маблағи 1233084 сомонӣ (с.2017 –1609646с.) пардохтҳои гумрукӣ ситонида шудааст. Ҳамчунин молҳо ба маблағи 2282319 сомонӣ (с.2017-1768076 с) мусодира карда шудааст. Дар ин давра мувофиқи маълумотҳои фаврӣ нисбати интиқоли ғайриқонунии мол аз сарҳади гумрукӣ 1526 ҳолати қонуншиканиҳо ошкор гардида, аз ин 1526 парвандаҳо барои баррасӣ аз рӯи тобеият ба мақомоти судӣ ирсол карда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 267 ҳолати қонуншиканӣ ошкор карда шудааст, ки предмети бевоситаи ҳуқуқвайронкунӣ молҳои зераксизӣ мебошанд. Аз ҷумла, нӯшокиҳои спиртӣ 89 ҳолат ва арақ - 12 ҳолат ба миқдори 2113 дона ошкор карда шуда, нисбати ин ҳуқуқвайронкунандаҳо 6 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд, ки дар натиҷа аз тарафи мақомоти судӣ ба маблағи 6148 сомонӣ ҷарима таъин гардида, мол ба маблағи 4356 сомонӣ мусодира гардидааст. Инчунин, нисбати оби ҷав - 76 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (137656 адад) оғоз намуда, ба мақомоти судӣ ирсол карда шуда, аз тарафи мақомоти судӣ ба маблағи 40460,5 сомонӣ ҷарима таъин гардида, ба маблағи 42042,5 сомонӣ мол мусодира гардидааст.

Коняк - 1 ҳолат ба миқдори 456 дона, ҷарима ва мусодира 3600 сомонӣ, нӯшокиҳои шарбатӣ- 6 ҳолат (1400 адад шарбат), ҷарима ба малағи 1830 ва мусодираи мол ба маблағи 2430 сомонӣ, маҳсулоти тамоку - 7 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (ба миқдори 1290 кг тамокуи хушк ва 410000 дона сигор, ё ин ки 20500 қуттӣ) оғоз карда, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст, ки аз тарафи мақомоти судӣ ба маблағи 15800 сомонӣ ҷарима таъингардида, ба маблағи 27500 сомонӣ мол мусодира гардидааст.

Маҳсулоти сузишворӣ - 156 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба миқдори 286424 литр сӯзишворӣ оғоз намуда, дар натиҷаи баррасӣ аз тарафи мақомоти судӣ ба маблағи 538455 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, ба маблағи 739783,4 сомонӣ мол мусодира карда шудааст:

Нисбати қасқонҳои (чархи) резинӣ – 7 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба миқдори 174 ададоғоз намуда, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуда, ба маблағи 13300 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, ба маблағи 18300 сомонӣ мол мусодира карда шудааст.

Дар робита ба воситаи нақлиёт 2 ҳолат- 2 адад воситаи нақлиёт, 1 парванда аз тарафи мақомоти суд катъ карда шудааст.

Дар ин давра аз тарафи кормандони Раёсат ва сохторҳои тобеи он дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи талаботи моддаи 435-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон молҳои зерин; маснуоти заргарӣ, маҳсулоти сузишворӣ, тахта, нурии минералӣ, моҳии яхкардашуда, макарон, меваи хушк, таъмхушкунанда, молҳои ниёзи мардум, мошинаи ҷомашӯӣ, яхдон, мошинаи чокдузӣ, таҷҳизоти об, хокаи ҷомашӯӣ, зарфҳои пластмасӣ, молҳои хоҷагӣ, оҳанфулузот, профил, равғани муҳаррик ва воситаи нақлиёт барасмияти гумрукӣ дароварда шудаанд, ки ҷамъ ба маблағи 1116408 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуд.

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд баҳри иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №492 аз 31.08.2009 сол «Оид ба баъзе чораҳои истифодаи самараноки энергияи барқ» як қатор чораҳои заруриро андешидааст. Дар натиҷа 18 ҳолати интиқоли ғайриқонунии фурӯзонакҳои тафсон ба қайд гирифта, ба миқдори 11680 адад фурӯзонакҳо аз гардиш гирифта шудааст.

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани рейдҳои муштарак оид ба пешгирии қочоқи молу воситаҳои нақлиёт дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзиҳуқуқӣ, аз он ҷумла бо кормандони Раёсати Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд – 46 ҳолат, РКС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд – 33 ҳолат ва РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд77 ҳолати интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ошкор карда шуд, ки нисбати ҳолатҳои зерин парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ аз рӯи тобеият ба мақомоти судӣ ирсол карда шудааст.

ИНФРАСОХТОР

Вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофи ниҳоят пурпечутоб воқеъ гардидааст. Яъне аз се тараф дар иҳотаи Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон мебошад. Аҳолии наздисарҳадӣ аз қадиммулайём бо ҳам алоқаи мустаҳкам дошта, дар бозорҳои наздисарҳадӣ молҳои истеҳсоли косибӣ ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ба савдо мемонданд.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва ташкилёбии давлатҳои мустақил, вазъияти сарҳадот пурра низоми худро тағйир дод. Ба хотири тартибу танзими ҳаракати нақлиёт ва шаҳрвандон байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тартиби гузаштани сарҳади гумрукӣ чандин созишномаҳо ба имзо расидааст, ки имрӯз мавриди амал қарор доранд.

Дарозии сарҳади давлатии Ҷумхурии Точикистон дар вилояти Суғд 2001 км буда, аз он бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон-906 километр ва бо Ҷумҳурии Қирғизистон- 495 километр, боқимонда бо ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ рост меояд.

Сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз манотиқи ноҳияҳои Мастчоҳи Куҳӣ, Айнӣ, Истарафшан, Шаҳристон, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Исфара тӯл кашидааст. Сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳудудҳои манотиқи ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод, Истаравшан, Шаҳристон ва Панҷакент гузаштааст.

Мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ бо Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар минтақаи сарҳадоти давлатии вилояти Суғд 15 гузаргоҳҳои автомобилӣ ва шаҳрвандон муайян карда шудааст, ки пурра таҳти назорати макомотҳои гумрукӣ қарор доранд.

Аз ин миқдор 12 гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 3 гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Қирғизистон рост меояд, ки 7 адади онҳо мақоми гузаргоҳҳои байналмиллалиро доранд, яъне бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон5-то ва бо Ҷумҳурии Қирғизистон 2-то рост омада, гузаргоҳҳои боқимонда дутарафа ҳисобида шудааст, ки теъдоди онхо 8-то буда боҶумҳурии Ӯзбекистон рост меояд.

Инчунин, дар минтақаи назоратии гумрукии раёсат ду гузаргоҳи байналмиллалии нақлиёти роҳи оҳан ва як майдони ҳавоӣ ҷойгир шудааст. Чи тавре ки дар боло қайд намудем, дар ҳамаи гузаргоҳҳои муқарраргашта назорати гумрукии шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва молу маводи интиқолшаванда пурра мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои эътирофнамудаи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

ДИДБОНГОҲИ ГУМРУКИИ "ФОТЕҲОБОД" – И ГУМРУКИ КОНИБОДОМ

Ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон фаъолияти гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба пуррагӣ барқарор гардидааст.

Таҳлил нишон медиҳад, ки пас аз ифтитоҳ ёфтани дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи маълумотҳои дастрасгардида рафту омади зиёда аз 477 000 нафар мусофирони ҳарду кишвар тавассути дидбонгоҳҳо дар моҳҳои март ва апрели соли 2018 ба қайд гирифта шудааст.

Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар ҷанубу-шарқии шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад. Масоҳати умумии он 320 гектарро ташкил медиҳад.

Дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 24 субъект ба қайд гирифта шудааст.

Барои рушду нумӯи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарақиёти корхонаҳои муштарак ба субъектони минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар асоси Кодекси гумрукӣ ва санадҳои меёри-ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо пешниҳод карда шудааст.

Дар айни ҳол 10 субъекти минтақаи озоди иқтисоди корхонаҳои муштараки «Силкоат Боя», «Стар Пласт», «Равзана пласт», «Кристалмозайк», «Таҷпроф», «Сомон-Энерҷи», КФ «Дусти Амирхон», «Реал» ва «Фортуна Ко» амалиётҳои воридотӣ, содиротӣ ва коркардро ба анҷом расонида истодаанд.

Дар марзи вилоят, инчунин, дидбонгоҳи гумрукии «Терминал» фаъолият менамояд. Дар дидбонгоҳ воридоти молҳое, ки тавассути дидбонгоҳҳои наздисарҳадие, ки бо воситаҳои нақлиёти автомобили молу маҳсулот вориди вилоят мешавад, мавриди барасмиятдарории гумрукӣ қарор дода мешавад.

Терминали мазкур дар шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара ҷойгир буда, дар ҳудуди он, ҷойҳо барои истгоҳи воситаҳои нақлиёт ва гузаронидани амалиётҳои борфарорӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ҷойи кории кормандони мақомоти гумрук бо компютер таҷҳизонидашуда, хатти интернетӣ васл карда шудааст. Дар умум ҳудуд ва бинои маъмурии Терминали«Тоҷиквнештранс» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои пешбурди фаъолияти мақомоти гумрук омода аст.

Ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд бо роҳбарии сардори Раёсат полковники хадамоти гумрук Исматуллозода Баҳром, аз тамоми қудрату имкониятҳое, ки барояшон дастраст аст, кӯшиш менамоянд, ки баҳри ободиву шукуфоии ин кишвари азиз саҳми арзандаи худро гузоранд ва масъулияте, ки бар дӯш доранд дар назди миллату ватан бо сарбаландӣ иҷро намоянд.

Ҳамчунин, бо дарёфти имконият ва захираҳои нав хазинаи давлатро ғанӣ намуда, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовези хуб пешвоз гиранд.

Баҳри амалӣ гардидани чунин орзуҳои нек ва дастовардҳои зиёд барояшон бурдборӣ таманно мекунем!

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: