ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нигориш

ТААССУБИ ДИНИРО РӮШНОИИ ЗИЁӢ АЗ БАЙН МЕБАРАД

Дар китоби «Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе: Контраст, 2017, 464 саҳ.), аз ҷумла ба чунин нукоти омӯзанда  дучор омадам:
«Дар тӯли асрҳои зиёд аҷдоди хирадманди мо дар қаламрави зисти худ ва ҳатто берун аз он, дар саргаҳи инқилобҳои бузурги зеҳниву ақлӣ қарор доштаанд ва эҷодгарони фарҳанги пешрафта, бунёдгузорони давлатҳои соҳибқудрат ва муназзам, муаллифони осори ҷовидонаи илмҳои фалсафа, ҳуқуқ, тиб ва табиатшиносӣ будаанд, ки ин осор садсолаҳои дароз хизмати инсониятро ба ҷо оварда ва имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодааст».
«Тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
«Мо - наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем».


Ин суханони ҳидоятгари Пешвои миллатро ба назар гирифта, метавон андеша ронд, ки мо ҳамчун  табақаи зиёии кишвар ва давомдиҳандагони кори аҷдодони хирадмандамон оё медонем, то чӣ андоза тавонистаем  рисолати худро иҷро кунем, то чӣ андоза дар сарнавишти ояндаи  давлат ва миллат масъулияти шахсии хешро эҳсос намудаем. Ҳамин аст, ки чун мехонаму  мешунавам  чӣ миқдор ҷавонони тоҷик ба кишварҳои ҷангзадаи арабӣ рафта, бо созмонҳои  сияҳкори иртиҷоии ДОИШ ва монанди он пайвас-таанд, ё узвияти ташкилоти экстремистии ҳизби наҳзати исломро пазируфтаанд, худро гунаҳкор медонам. Чаро? Чунки ман ҳамчун як зиёӣ, як омӯзгор натавонистаам аз зеҳни ҳамдиёрам боварҳои иртиҷоии диниро берун кунам. Бояд аз худ пурсид: чӣ гуна шудааст, ки идеологҳои фарсахҳо аз кишвари мо дур, ба забону фарҳанги мо бегона, як ҷавони тоҷикро аз оғӯши модар, аз сарзамини падарон, аз байни мо ҷудо карда, ба вартаи ҳалокат, бенангиву бешарафӣ кашидааст. Ва барои посухи боварибахш ва қотеъ додан ба чунин пурсиш моро мебояд иқрор бишавем, ки рисолати худро ҳамчун зиёӣ ба тавре ки зарур асту бояд иҷро накардаем. Мо - зиёиёне, ки аҳли илм ва эҷод ҳастем ва асару мақолаҳо таълиф, барномаҳои радиову телевизионӣ таҳия  менамоем, филмҳову асарҳои саҳнавӣ меофарем, аз минбарҳо сухангустарӣ мекунем, ба таври басанда натавонистаем ба дили ҷавонон роҳ ёбем, суханони Пешвои миллатро дар мавриди муқаддасоти марзу бум, хештаншиносии миллӣ дар зеҳни ҷавонон ҷой диҳем. Зеро, хештаншиносии миллӣ, меҳри Ватан ин ҳамон масуниятест (иммунитет аст), ки ба сони сӯзандоруи пешгирикунандаи марази вогир намегузорад, ки бемории ватанфурӯшӣ пайкари ҷавононро рахна кунад.

ДАСТПАРВАРИ БЕГОНАГОН

Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рӯйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дуру наздик нишон медиҳад, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ба таври комил дастпарвардаву дастнишондаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабию ғайримиллӣ намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад.

БОЗДОШТИ шахсиятҳо ва собиқадорони аршади ин ҳизби миллаткуш ин калому даъвии моро собит месозад, ки ин афрод дар макотиби мазҳабии хориҷӣ тамриноти динию низомӣ ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум, тирпарронию куштор, тарконидану сӯзонидан ва дар умум тамоми аносири террору қатл ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор корҳо намудаанд.

Ба майдонҳои алоҳида кашонидани мардум, аз саҳроҳои кору меҳнат ба саҳнаҳои ҷангу куштор таблиғ намудани аҳолӣ, рушди афкори мазҳабию таблиғи ақоиди шиаи исноашара, маблағгузорӣ намудан ба саркардагону размандагони мухолифин, таъмини силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва тамрини ҷавонон дар кишвари хориҷ маҳз аз ҷониби ин кишвари бо ном «дӯст» анҷом шудааст.

ҲНИТ: аз моҷароҷӯйӣ то терроризм

Мақоли мардумӣ «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» маҳсули таҷрибаи ҳазорсолаи инсонист ва он талқин мекунад, ки пеш аз сар задани мусибату бадбахтӣ илоҷашро бояд ҷуст ва дуруст тасмимгирӣ кард. Мардуми тоҷик ва махсусан, қишри зиёиёни ватанӣ, ки аксаран, охири солҳои ҳаштод ва аввали навадуми асри гузашта ҳолати бетарафӣ ва бетафовутиро аз сар мегузарониданд, бар асари ноилоҷӣ ва ё ҷустӯҷӯ накардани илоҷ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуданд. Маҳз дар ҳамон замон ба қавли мардумӣ амал мебоист карда ва «илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ» мебоист дарёфт. Аммо, чуноне ки мушоҳида кардем, ҷомеа дар ҷустуҷӯйи илоҷ беҳавсалагӣ кард ва мушкил андар мушкил фарогири ҷомеа гардид. Давоми қисса медонем, ки ба чӣ анҷомид - ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, боиси ҳалоки зиёда аз 150 ҳазор нафар ва тахриби маданият ва иқтисоду иҷтимоиёт гардид. Мусибат ва бадбахтиҳое, ки сари мардум дар он солҳо мисоли сели борон рехт, қабл аз ҳама, ба фаъолияти риёкорона ва худпарастонаи ТТЭ ҲНИТ бастагӣ дошт.

ТТЭ ҲНИТ, ки дар вақташ ва ҳам имрӯз на танҳо барои кишвари мо, балки барои минтақа дардисарсоз буда ва ҳаст, ба унвони муҷрии асосии сенарияи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шинохта мешавад. Сенариянависон ва барномасозони ТТЭ ҲНИТ барои нуфузманд шудани қишри рӯҳонияти наҳзатӣ дар минтақа сармоягузории хуб кардаанд ва ричагҳои иҷтимоиро ба дасти наҳзат вогузоштанд. Роҳи аз ҳама мусоид дар бозиҳои геоп

Саҳифаи 1 аз 4

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: