ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Боздошти 7 ҳазор килограмм гази моеъи Қирғизистон дар шоҳроҳи Гулистон – Хуҷанд

Санаи 23-юми августи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак дар шоҳроҳи Гулистон - Хуҷанд воситаи нақлиёти тамғаи «Рено» рақами қайди давлатиаш 52 43 СВ 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.И. қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт карда шуд.

Боздошти 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелии беҳуҷҷат дар Ҷаббор Расулов

Ҳангоми гузаронидани амалиёти муштараки кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи «Камаз», рақами қайди давлатиаш 07 24 СС02 таҳти ронандагии шаҳрванд Е.О. қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошта шуд.

“Дафина Алайф”- и чинӣ боздошт гардид

Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи “ДЭУ-Лабо”, рақами қайди давлатиаш 47 97 ЕК02-ро, ки таҳти ронандагии шаҳрванд С.Н., соли таваллудаш 30.11.1969, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳраки Ғафуров, кӯчаи Чапаев қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 1340 адад олоти тиббии намуди “Дафина Алайф” истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд С.Н. тааллуқ дошта, номбурда онро аз ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз як шахси ношинос харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ интиқол диҳад.

Саҳифаи 1 аз 4

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: