ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба сухангӯи Хадамоти гумрук дар шаҳри Душанбе ягон хел ҳамла сурат нагирифтааст!

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе расман иттилоъ медиҳад, ки хабару иттилооти расонаҳои дохиливу хориҷӣ оиди аз ҷониби нафарони номаълум мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтани сардори Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Фахриддин Улмасович дар маркази шаҳри Душанбе асоси воқеӣ надошта, нашри чунин хабарҳои ҳангомасоз тавассути сомонаҳои иттилоотӣ сабабгори пайдо гардидани ҳар гуна овозаҳо дар ҷомеаи орому осуда мегардад.

Бо истифода аз фурсати муносиб мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар вокуниш ба иттилооти ғайривоқеӣ ва носаҳеҳи расонаҳои хабарӣ ба иттилои сокинон ва кулли намояндагони Васоити ахбори умум мерасонад, ки ахбороти мазкур ҳанӯз санаи 13 октябр дар Китоби қайди маълумот оиди ҳодисаҳои Шуъбаи 1-и ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун «Ҳодисаи нохуш» ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҳамаи фарзияҳо мавриди санҷиши пурра, ҳамтарафа ва обективона қарор дода шудааст.

Дар натиҷа кормандони милитсия бо истифода аз имкониятҳои техникии камераҳои Маркази худкори «Шаҳри бехатар» ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян намуданд, ки санаи 13 октябри соли ҷорӣ, соати 11:02-дақиқаи рӯзона ҳангоми дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар канори роҳи мошингузар, назди бинои 37 қарор доштанаш шаҳрванд Собиров Фахриддин Улмасович, соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аз сабаби баланд гардидани фишор ногаҳон ба замин афтида, дар натиҷа ҷароҳат бардоштааст. Тавре аз наворҳои тафтишотӣ бармеояд, сипас шоҳидони ҳодиса бо мақсади кӯмак намудан ба нафари дар заминафтода дарҳол ба назди ӯ омада, ҷиҳати дастрас намудан ба Беморхона автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ»-ро давъат менамоянд. Дар натиҷа баъди чанд лаҳза табибони Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, шаҳрванд Собировро ба Беморхона дастрас мекунанд. Аз рӯи маълумоти духтурони бригадаи «Ёрии таъҷилӣ», ки ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида буданд, бармеояд, ки дар вақти муоинаи аввалини тиббӣ муайян карда шудааст, ки фишори шаҳрванд Собиров Фахриддин ҳанӯз дар вақти рух додани ҳодиса аз 220 дараҷа боло мебошад, ки ин омил сабабгори асосии беҳуш гардидан ва ба замин афтидани Собиров шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: