ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саволу ҷавоб

Савол: Ахмедова Р.Т.

Ман мол ворид менамоям ва мехоҳам, ки барасмиятдарории гумрукӣ дар анбори худам сурат гирад. Оё ман ин ҳуқуқро дорам?

 

Ҷавоб:

 

Тибқи талаботи моддаи 465 КГ ҶТ барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он анҷом дода мешавад. Аз рӯи дархости шахси манфиатдор ва иҷозати хаттии роҳбари мақомоти гумрук ё шахси ваколатдори он амалиёти гумрукӣ метавонад дар дигар маҳалҳо анҷом дода шавад, ба шарте агар ин самаранокии назорати гумрукиро паст нанамояд.

Савол: Мирзоев Ш.Б.

Мазмуни низоми гумрукии нобудкунӣ?

 

Ҷавоб:

 

Нобудкуни низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ таҳти назорати гумрукӣ, бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин, бе татбиқи мамнуият ва маҳдудияти дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нобуд карда мешавад.

Савол: Кирилов С.А.

Мазмуни низоми гумрукии реэкспорт?

 

Ҷавоб:

 

Реэкспорт низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ин қаламрав бидуни пардохт ё баргардонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо, бе татбиқи мамнуият дорои хусусиятҳои иқтисодии муқарарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содир карда мешавад.

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: