ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭЪЛОН

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук ба вазифаҳои зерин озмун эълон мекунад: 

 

ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ХАДАМОТ
Шуъбаи иттилоотӣ:
- нозири калон – 1 воҳид; (рӯзноманигор, филолог).
Маъмурияти системаи автоматонидашудаи ягона:
- нозир – 1 воҳид; (барномасоз).
Донишкадаи такмили ихтисос:
Кафедраи «Ташкили назорати гумрукӣ ва информатика»:
- нозири калон - 1 воҳид.

 

РАЁСАТИ МИНТАҚВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Гумруки «Майдони ҳавоӣ»:
Дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирони гумруки «Майдони ҳавоӣ»
- нозир - 5 воҳид.

РАЁСАТИ МИНТИҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Гумруки «Майдони ҳавоӣ»:
- нозир – 3 воҳид.
Гумруки Конибодом:
Дидбонгоҳи гумрукии «Равот»
- нозир – 1 воҳид.
Гумруки Зафаробод:
Дидбонгоҳи гумрукии «Ҳавотоғ»
- нозир - 1 воҳид.
Гумруки Исфара:
Гурӯҳи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ
- нозир -1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии барасмиятдарории молҳои зераксизӣ:
- нозири мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ - 1 воҳид.

 

РАЁСАТИ МИНТИҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Гумруки Шаҳритуз:
Дидбонгоҳи гумрукии «Хошадӣ»
- нозир – 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии «Айвоҷ»
- нозир – 1 воҳид.
Гумруки Қурғонтеппа:
Дидбонгоҳи гумрукӣ дар «Майдони ҳавоӣ»-и шаҳри Бохтар
- нозир – 1 воҳид.
Гумруки Кулоб:
Дидбонгоҳи гумрукӣ дар «Майдони ҳавоӣ»-и шаҳри Кулоб
- нозир – 1 воҳид.

 

РАЁСАТИ МИНТИҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзӣ
- нозир - 1 воҳид.
Шуъбаи ташкили назорати гумрукӣ
- нозир - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии «Пахтаобод»
- нозир - 2 воҳид.

 

РАЁСАТИ МИНТИҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВМКБ
Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом
- нозир – 1 воҳид.
Бахши молиявию хоҷагӣ
- нозир–хазиначӣ – 1 воҳид.
Бахши таҳлил ва омори гумрукӣ
- нозир - 1 воҳид.
Гумруки Мурғоб:
Гурӯҳи барасмиятдарории мол ва воситаҳои нақлиёт
- нозир – 1 воҳид.
Шуъбаи мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт
- нозир – 1 воҳид.

 

1. Талабот барои иштирок дар озмун:
- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- синну сол аз 20 то 35;
- маълумоти олӣ аз рӯи ихтисосҳои фаъолияти умури гумрукӣ, ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;
- қобилияти кор бо технологияи иттилоотии муосир;
- ба нафароне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кардаанд ва собиқаи кории касбӣ доранд, бартарият дода мешавад.

Маоши вазифавӣ аз 626 сомонӣ то 771 сомонӣ.

Барои рутба ва собиқаи корӣ маоши иловагӣ дода мешавад.

Мутобиқи банди 10 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук аз 6 апрели соли 2007, № 72-ф «Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи талаботи тахассусӣ, нисбати кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои нозирони калон мавҷудияти собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 1 сол муқаррар карда шудааст. 

2. Довталабон бояд, дорои одоби хуби муносибат ва муошират буда, бо сифатҳои ахлоқӣ, кордонӣ, касбӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва ҳарбӣ, инчунин, вазъи саломатии хуб, аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда бароянд.

3. Аз довталабон аз рӯи меъёрҳои тайёрии ҷисмонӣ имтиҳон қабул карда мешавад.

4. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- ариза ба номи Сардори Хадамоти гумрук;
- тарҷумаи ҳол ва пурсишнома (аз ҷониби мақомот дода мешавад);
- сурати 3/4 - 2 дона ва 9/12 – 2 дона;
- нусхаи шиноснома;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти касбӣ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои довталабони дорои собиқаи корӣ);
- тавсифнома аз ҷои кори охирин (характеристика);
- тақриз (отзыв);
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

5. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук дар муҳлати то 21 рӯзи корӣ баъд аз нашри эълон қабул карда мешаванд.

 

НИШОНӢ: шаҳри Душанбе кӯчаи Бухоро-50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 223-12-16 (221-16-92 иловагӣ 233, 202).

 

МЕЪЁРҲОИ
супоридани санҷиши омодагии ҷисмонӣ барои довталабон  

т\р МАРДОН ЗАНОН
1 Давидан ба масофаи 100 метр ) вобаста ба синну сол; сония-баҳо Давидан ба масофаи 100 метр ) вобаста ба синну сол; сония-баҳо
1.1 то 30 сола то 30 сола
  14,0-аъло 16,5-аъло
  14,5-хуб 17,2-хуб
  15,0-қаноатбахш 18,0-қаноатбахш
1.2 аз 30 то 35 сола аз 30 то 35 сола
  14,5-аъло 17,0-аъло
  15,0-хуб 17,8-хуб
  15,5-қаноатбахш 18,6-қаноатбахш
2 Дар турник бо қувваи даст овезон шуда, худро боло бардоштан (подтягивание на турнике) вобаста ба синну сол; миқдор –баҳо Дар намуди хаму рост кардани дастҳо дар ҳолати бо даст такя ба замин (отжимания от пола) вобаста ба синну сол; дар 1 дақиқа, миқдор-баҳо
2.1 то 30 сола то 30 сола
  10-аъло 13-аъло
  8-хуб 10-хуб
  6-қаноатбахш 8-қаноатбахш
2.2 аз 30 то 35 сола аз 30 то 35 сола
  8-аъло 12-аъло
  7-хуб 9-хуб
  5-қаноатбахш 7-қаноатбахш

 

Эзоҳ: Ба диққати довталабони озмун расонида мешавад, ки баландии қад ва меъёри вазн бо чунин тартиб муқаррар карда шудааст:

- барои мардҳо баландии қад на кам - 170 см;
- барои занҳо баландии қад на кам - 168 см; 

- барои мардҳо меъёри вазн на кам - 60 кг;
- барои занҳо меъёри вазн на кам - 50 кг.

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: