ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд

Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми азназаргузаронии вагон-тарабхонаи қатораи хатсайри №359-и самти Хуҷанд-Москва дар дохили нуҳ адад халтаҳои рангашон гуногуни латагин ва полиэтиленӣ либосҳои кӯдакона, бозичаҳои кӯдакона, кулоҳҳои мардонаи истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ ва маводҳои ба маводи тарфгарӣ монанд дарёфт карда шуд, маводҳои мазкур ба шаҳрванд В.А. соли таваллудаш 1981 истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати Исфиссор, тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор маводҳоро аз деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои ғайрирасмӣ, ғайриқонунӣ интиқол дода, мехост тавассути вагон-тарабхонаи қатора ба Ҷумҳурии Узбекистон бидуни назорати гумрукӣ интиқол диҳад.

Тибқи маълумотномаи экспертизаи ташхиси таркишӣ-техникии ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маводҳои ба миқдори 5386 дона, ки аз шаҳрванд В.A. гирифташуда, аз рӯи сохт, андоза ва хусусияти худ ба категорияи маводҳои тарфгарӣ (пиротехника) навъи капсулаҳо барои туфангчаи бозича ва навъи оташфаввораҳо мансубият дошта, айни замон аз рӯи таъиноташон барои истифодабари коршоям мебошанд.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд В. А. бо моддаи 199 прим 1 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд фиристонида шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: