ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маълумоти криминалӣ

Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд

Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми азназаргузаронии вагон-тарабхонаи қатораи хатсайри №359-и самти Хуҷанд-Москва дар дохили нуҳ адад халтаҳои рангашон гуногуни латагин ва полиэтиленӣ либосҳои кӯдакона, бозичаҳои кӯдакона, кулоҳҳои мардонаи истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ ва маводҳои ба маводи тарфгарӣ монанд дарёфт карда шуд, маводҳои мазкур ба шаҳрванд В.А. соли таваллудаш 1981 истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати Исфиссор, тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор маводҳоро аз деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои ғайрирасмӣ, ғайриқонунӣ интиқол дода, мехост тавассути вагон-тарабхонаи қатора ба Ҷумҳурии Узбекистон бидуни назорати гумрукӣ интиқол диҳад.

Ошкор ва пешгирӣ интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

27 сентябри соли 2018 дар толори назорати гумрукии гумруки Панҷи-Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии боғоҷи дастии шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вилояти Ҳирот, Фақири Мубин соли таваллудаш 1978, ки ҳаракатҳояш ғайриоддӣ менамуд аз ҷониби кормандони гумруки Панҷи-Поён мавриди боздошт қарор дода шуд.

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ садди роҳи паҳн гардидани моддаҳои психотропӣ шуданд

Маводи мухаддир аз хавфноктарин хатарҳоест, ки ба ҳаёту саломатӣ, иқтисодиёту маънавиёт ва пешрафту тараққиёти башарият таҳдид намуда, ба ҳар сарзамине, ки он ворид гардад, маргу маҳбас ногузир мебошад. Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ҳамасола миллионҳо нафар одамон аз таъсири заҳрноки он ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор нафари дигар муфлису дардманд ва гирифтори бемории мушкилдавои нашъамандӣ мегарданд.

Бо назардошти хавфу хатарҳои марговари маводи нашъадор кормандони Хадамоти гумрук муборизаро алайҳи он пурзӯр намуда, пайваста амалиётҳои махсуси фавриву ҷустуҷӯйӣ доир менамоянд, ки дар натиҷаи он гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб безарар ва аз онҳо миқдори махсусан калони ин бори зиёновар дарёфт ва мусодира карда мешавад.

Саҳифаи 1 аз 3

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: